ШАВЊАРДОРЇ

Бўи ош то сари кўча омада буд. Кўчаи борик бо деворњои коњгилї, дарњои чўбї. Зери сояи собот роњ мерафтем, теѓи офтоби тирамоњиро њис мекардем. Аммаи калониям пештар роњ мерафт, модарам ва зани амакам аз ќафо. Ман пушти модарам мерафтам, гўшаи чодарашро мегирифтам.

Вориди кўчаи ториктар ва бунбаст шудем. Долони хонаро обпошї карда буданд ва атри дилнишине машомамро пур карда буд. Модарам њамёнеро, ки дар даст дошт ба аммаам доду гуфт: “тозаарўс аст. Бењтар аст аз дасти шумо гирад, ки шугун дошта бошад”. Дар боз буд. зани амакам ворид шуд. Духтар берун омад. Лаби њавз дастњоямонро шуст.

Даъватамон кард ба дохили хона. Њама занњо ба гуфтугў овора буданд. Ман чор тарафи хонаро тамошо мекардам. Њама чиз тозаву дар љои худаш буд. Модараму аммаам дар бораи либос гап мезаданд, либосе, ки барои арўс гирифта буданд.

Аммаи калониям ба арўс оњиста гуфт: “чаро ин ќадар парешонї?! Магар шавњарат хона намеояд?”Арўс хандиду гуфт: “модарам ош мепазад, ман хонаро ба тартиб меорам. Шавњарам ояд њама љо мураттаб бошад кофист! Ман он ќадар ањли хоб нестам”.

Аммаам рўяшро ба тарафи арўс бурду гуфт: “худро бедор кун, шў дорї”.

Модарам, ки ба гапњои аммаам таваљљуњ мекард, гуфт: “манзури аммаљон ин аст, ки зан бояд дар фикри худаш њам бошад, дар хона њамеша ороста бошад. Медонам нигоњ кардани хона кори сода нест, аммо фикри худатро њам дошта бош. Зани хушахлоќ хунарманд ва ороста њаст, ки ба хона ва марди хона оромиш медињад”.

Зане, ки баъдњо фањмидам хоњари шавњари арўс будааст, барои мо чанд косаи ош овард. Ман дар фикри ош хўрдан будам, занњо гап мезаданд. Аммаам њамон тавр, ки  гап мезад, маѓзи пистаро аз пўчоќаш људо мекард. Занњо насињати аммаро ба арўс шарњ медоданд.

Амма рў ба ман карду гуфт: “биё, ин маѓзњо барои ту”

Дилам барои маѓзњо гум зада буд, аммо худро чунон вонамуд кардам, ки таваљљуње надорам.

Аммаам маѓзи пистаро ба дањонаш андохту ба ман гуфт: “бачаљон, маѓзи писта чизе нест, ки касе барои доданаш ба ту миннатро њам бикашад”.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.