ГЎСОЛА

“Гўвсола”. Шунидани ин калима бо садои мардона ва хашан, он њам бо “ла”-и комилан кашида ва хашдор кофї  буд, ки сари љоям мехкуб шавам. Мошини сафеде дар хиёбон дар њоли давр задан буд, таксии зардранг чињил-панљоњ метр наздиктар буд.

Шоњид ин тавр нишон медод, ки мошинњо бо њам барнахўрдаанд, фаќат бањсе доштаанд. Дар мошини сафед ронандае буд њудуди панљоњсола бо ќиёфаи мазлум ва зане, ки мисли бемор менамуд. Ронандаи таксї пиёда шуда буд ва дунболи чизе мегашт.

Аз дур сурхии рўяшро медидам. Аз мўи мантиќ тахмин кардам, ки ронандае, ки “гўсола” мегуфт, њамин аст. Ин муњим набуд, муњим ин буд, ки бо шитоб ба самти мошини сафед меояд, ин масофаро дар чанд сония хоњад паймуд.

Зани бемор бо нигоњаш ба ман ангеза медод ва мазлуми бадзабон тамоми пушаймонияшро бо ранги зарди рўяш ба намоиш гузошта буд. Љузвдон ва айнакамро гирифтаму ба тарафи марди асабонї рафтам. Димоѓсўхта буд. Гуфтам: “с салом. Ин кас дўсти ман њастанд”. Дасташро рўи синаам гузошт. Бо асабоният гуфт: “ѓалат мекунад ки дўсти ту аст”.

  Боз њам наздиктар рафтам ва гуфтам: “ќурбони Шумо, манзурам ин аст, ки дўстам маро садо мекард, номи ман Гўлоса аст”.

Пўзханде заду гуфт: “аз паи корат шав, маълум аст, ки ањволат хуб нест”.

Дидам, ки андаке ќањраш поён шуд. Марди мазлум њоло њам дар мошин нишаста буд. мардум љамъ шуда буданд, яке сабт мекард ин лањзањоро.

Дасти марди асабониро гирифтам ва бо садои андаке баландтар гуфтам: “ин дўсти ман аст, маро фарёд дорад, чаро шумо меранљед аз ў?” Садои хандаи њама баланд шуд.

Марди асабонї дигар асабонї набуд. Ронадаи мошини сафедро дар оѓўш гирифт.

Зан ки бо мушкилї аз мошин пиёда шуда буд, гуфт: “њамааш гуноњи ман аст. Дар кортам пул надоштам. Хостам аз шавњарам пул гирам”.

Њама гўё дигар шуда буд. Њам ман, њам ронандаи асабонї, њам ронандаи бадзабон!

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.