ПАДАРАМ ЊИСОБДОР ЊАМ БУД

Сардаргум будам, афкорам дарњаму барњам буд. Ададу раќамњо дар маѓзам пароканда буд. Асбобњоро насб карда будам, ки њавои хонаро сард кунад. Он њам сард намекард. Мутаваљљењ шудам, ки аз њисобу китоб мондаам.

Мизи корро варандоз кард ва устодро дид, пурсид: «њудуди сад миллион». Лабханде зад ва гуфт: « магар мо њудуд дорем?» бошад, бошад, мошини њисобро бароям биёр!» Рафтам, аз ѓалладон мошини њисобро овардам. Асбобњое, ки хонаро сард мекарданд, якеро хомўш кард.

Даричаи толорро каме боз карду нишаст. Як соат ором бо дафтари њисоб машѓул шуд. Бо њавсала ба устод нигоњ мекард ва тугмањоро фишор медод. Њаво каме хунуктар шуд. Билохира ихтилофро пайдо кард. Баланд шуд ва дасташро пеши асбоби њавосардкунанда бурд ва гуфт: «њавосардкунаки шумо солим аст?» Гуфтам: «бояд солим бошад!» Устод гуфт: «гуфтам бояд, шояд надорад. Баланд шав, бубин солим аст ё не. Агар дохилаш мушкил дорад, иваз кун. Агар обї бошад фољеа њастанд. Рўзе дусад-сесад литр об бењуда масраф мекунанд. Бо ин ќадар об мушкили як хонаводаро њал кардан мумкин аст». Мошиин њисобро дар ѓалладон гузошту гуфт: «пирамарде саворе бар асб буд ва асб њам чорнаъл метохт. Љое истод то об бинўшад. Љавонак аз пирамард пурсид:  асб чанд то дасту по дорад? Пирамард шумурда гуфт: чањор. Баъд ун тарафи асб истод ва дубора шумурд, чор.

Ба љавон рў карду гуфт: чор то! Љавонак хандид ва гуфт: марди хуб! Ниёз ба шумурдан набуд. Асбе, ки чорнаъл метозад, њатман чор дасту по дорад. Пирамард дасте ба риши сафедкаш кашиду гуфт: ман њисобдорам ва корам ба шояду бояду њудудан намешавад. Худам мешуморам ва масъулиятро ба гардан мегирам».

Ваќти рафтан аз пушти айнакаш нигоње ба ман карду гуфт: «медонї, барои њамин боди гарм як ќабза пули обу барќ бояд супорем?»

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.