ЧУЌУК
جمعه 13 مهر 1403
بازدید: 0
Нигоње ба ожангњои пешонї ва дастон, чашмамро дўхтам ба чашмони мењрубон ва амиќаш. Себеро аз дарахт чид, њамон љо шуст ва ба ман дод. Аз дохили љайб рўмолчае бароварду онро пок кард. Кордашро гирифт, ба ман гуфт: “гир, себро таќсим кун, њамааш љавоњир аст”. Рост мегуфт. Себи сурхи тоза, мисли ёќут медурахшид. Як барги пањни чормаѓро дохили об шуст ва пеши ман гузошту гуфт: “бигир табаќчаро”. Бо себ машѓул шудем. Пирамард гуфт: “Медонї, шумо шањрињо фикр мекунед об осон ва арзон ба даст меояд. Дар хона роњат нишинед ва њар ваќт обро боз мекунед, об тоза ва соф мерезад. Ваќте мехоњед њаммом кунед, ба ин фикр намекунед, ки њар даќиќа 40-50 литр об кам мешавад, он ваќт себе њам даркор нест ва коратон бо себњои хориљї меафтад”. Хандид ва идома дод: “Агар њамон њам ба дастатон афтад!”
Чањор буридаи себро чида будам даври барги чормаѓз, њам порањои себ буд њам пўсти себ. Сарамро боло кардаму бо эътимод ба нафс гуфтам: “чањор пораи себро ману шумо мехўрем, пўстро ба мурѓу парандањо медињем, мехўранд”.
Рўяшро хорид ва бо лањљаи махаллї гуфт: “чуќук ку?” Медонистам, ки дар лањљаи мањаллї ба чўб мегўянд “чуќ” ва “чуќук” яъне чўби кўчакро мегўянд. Аммо нафањмидам, ки манзураш кадом чўб аст. Тааљљубамро дид, бо ишора ба ман фањмонд, ки манзураш аз “љуќук” њамон чўби кўчаки себ аст.
Фавран “чуќук”-ро аз рўи замин пайдо кардам ва бо ханда гуфтам: «падарљон, ин њам чуќук. Воќеан ин чуќук ба њеч дарде намехўрд, барои њамин дураш андохтам”. Пирамард чуќукро дар об зад ва рўи дасташ гузошт, бо садои ором бо ў гап зад: “ту моро бубахш, ки њамеша фаромўшат мекунем. Ангор на, ангор ки ин себи дурушт ва пуроб зарра-зарра аз вуљуди ту гузашта ва рушт карда аст! Агор на ангор, ки њамаи вуљуди себ ба вуљуди ту банд аст!”
Тањти таъсир ќарор гирифта будам. Нигоње ба ман кард. Буѓзашро фурў хўрд ва гуфт: “ту чуќуки зиндагии худатро мешиносї? Касеро мешиносї, ки ба чуќуки зиндагият фикр кунад? Тоза ту ки фикр мекунї ањли камол њастї, чуќукро дур андохтї, вой ба њоли дигарон!” Ба љўйи борике, ки об аз он вориди боѓ мешуд, ишора карду гуфт: “њамин як ваљаб об, чуќуки чанд боѓ аст. Падар, модар, муаллим, оташнишон, парастор, инњо њам њама чуќуки љомеа њастанд. Бидуни ин оби боѓњо хушк ва бидуни он одамњо љомеаи Барањут”.
Чуќукро ба ман дод. Сандуќро наздиктар кашид, ба чидани себ шуруъ кард. Њамон тавр, ки себњоро ором-ором дар сандуќ мечид, гуфт: “хона рафтї як сар ба њисобкунаки об бизан. Чуќуки хонаи Шумо ва мењрубонї, рифоњ ва осоишатон њамон љост”.
Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ
Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек
Китоби як саҳифа
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.