ОСИЁБ
جمعه 13 مهر 1403
بازدید: 1
Хуршед миёнаи осмон буд ва мустаќим сўи сарам метобид. Кафи поям аз њарорати замин месўхт, маѓзи сарам ба љўш меомад. Бобоям ба ман ишора карду гуфт: “Он љо осиёб аст”.
Масире, ки бобоям ишора кард, пур аз дарахтони гармсер буд. Хароба мисли як ќоиќ миёни дарёчаи холї ба назар мерасид. Атрофамон, то он љое, ки ба назар мерасид, сањрои хушк буд. Пештар бо дидани сароб кайф мекардам, њозир каме тарс дорам. Бобоям бо дастмол араќи пешонияшро хушк карду гуфт: “давраи нављавонї дар ин осиё кор мекардам”. Ба канали нисбатан амиќ ишора кард, ки маълум буд, ки солњост ранги обро ба худ надида, гуфт: “Об аз зери ин љо меомад ва мерехт дар осиёб ва аз зери он берун мешуд ва чархобро мечархонд то санги осиёб бичархад. Он ќадар обаш зиёд буд, ки агар одам дар он меафтод ѓарќ мешуд. Кї бовар мекард, ки ин љо биёбон мешавад?!
Худорањматии бобоям мегуфт, касе дар дарё ѓарќ шавад, ўро мешавад наљот дод, касе дар хушки ѓарќ шавад, на. Ангор рост мегуфт, бубинед дар хушкї ѓарќ шуда истодаем”.
Рости гап, ман њам бовар намекардам, ки то ин чанд сол пеш обу ободї бошад. Илова бар ин, дар ин осиёи хароб нишоне аз ободї набуд. Бобоям гуфт: “Баъд аз осиёб об мерафт ба тарафи замини мардум. Њар кас аз он об њаќќе дошт”.
Ёдаш ба хайр! Як сањм аз обро гузошта буданд барои биёбон, барои касоне, ки ба об дастрасї надоштанд. Обро сарфакорона истифода мекарданд, зеро мегуфтанд об њар чи камтар истифода шавад, барои биёбон об бештар мерасад.
Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ
Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек
Китоби як саҳифа
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.