ХОНУМ ФАРЊОДЇ

بازدید: 1

Њанўз навбат нашуда буд, нишаста будам рўи сандалї ва рўзнома мехондам. Муддате буд аз ахбор бехабар будам ва њоло фурсате шуда буд. Хонуме рўи аробачаи маъюбї нишаста буд ва бо духтараш њарф мезад. Пирамарде њам рўбарўи ман рўяшро гузошта буд рўи асо  ва нигоњи хирае дошт ба корманде, ки барг-барги парвандаеро медид. Мизи канори пирамард холї буд ва пирамард чамадонашро рўи миз гузошта буд. Марде ворид шуд ва бо туршрўї ишорае ба сандалии холии пушти миз кард ва пурсид: “Ин хонум Фарњодї нест?!” Мунтазир монд, ки касе љавоб бидињад. Касе љавоб надод. Аммо пирамард айнакашро аз рўи пешонияш кашид рўи чашмаш ва нигоњашро аз корманд, ки њанўз ѓарќи дидани баргањо буд, ба самти марди туршрў чархонд.

Мард як ќадам пештар омад ва нигоње талабкорона ба пирамард андохт ва боз ба сандалии холї ишора кард ва гуфт: “Гуфтам ин хонум Фарњодї нест?!” Пирамард бо хунсардї гуфт: “Чаро, њамин аст” ва рўяшро баргардонд ба самти сандалї ва гуфт: “Хонум Фарњодї,  ин оќо бо Шумо кор доранд”. Мард наздиктар омад. Пирамард нимхез шуд ва зери мизро нигоњ каду гуфт: “Хонум Фарњодї, биёед берун, ин оќо бо Шумо кор доранд”. Чашмњои мард аз њайрат боз шуд. Ман њам тааљљуб кардам. Духтарак оњиста аз модараш пурсид: “Модар, воќеан хонум зери миз рафтааст?!” Марди бадкор наздиктар рафт ва ба зери миз нигоњ кард. Ваќте зери мизро дид истод, нафасашро берун дод ва чашмњояшро нозук кард ва ба пирамард гуфт: “Мўсафед, маро масхара мекунї?!” Пирамард ду дасташро гузошт рўи асо ва баланд шуд. Ришашро хориду гуфт: “Мардак, худат, ки чашм дорї! Мебинї, ки ин љо њеч кас нест. Меої, на саломе, на алайке! Баъд талабкорона маро мепурсї, ман њам њамин тавр љавобат додам”.

Њама хандиданд. Лабханди камранге рўи сурати мард нишаст ва аз дар хориљ шуд. Марди корманд њамин тавр механдид рў кард ба зан ва ба духтараш гуфт: “Медонистам, ки пайдояш мекунам. Миљозатон омода аст. Бибаредаш барои имзо ва муњр” ва коѓазеро ба хонум дод. Хонум Фарњодї вориди утоќ шуд ва пушти сараш њамон марди ањмаќ ѓурѓуркунон омад: “Шумо вазифадоред, ман молиёт медињам. Шумо кори манро анљом дињед”. Хонум Фарњодї пушти мизаш нишаст ва бо даст ба мард ишора кард, ки биншинад. Аз ѓаладон ќоѓазњоро баровард ва гузошт пеши марду гуфт: “Бале, ман вазифадорам, аммо дар чорчубаи ќонун. Бубинед, Шумо њанўз ин чанд то марњиларо анљом надодед” ба хонуме, ки бо аробаи маъюбї аз утоќ берун мешуд, ишора кард ва гуфт: “Хонум, магар худи Шумо корфармо нестед? Магар мо кори Шуморо анљом надодем?” Хонум бо лабханд тасдиќ кард ва иљозаномаеро, ки дар дасташ буд, нишон дод. Хонум Фарњодї идома дод: “Бародари ман, аслан як ќисмат аз молиёт ихтисос дорад, ба њимоят аз тавлид, корофарин, ширкатњои донишбунён ва манотиќи озод. Масалан њамин коргоње, ки ин хонум анљом медињад, бо кумаки давлат роњандозї шудааст. Магар давлат аз куљо пул оварда аст? Њамин молиёт аст, ки Шумо ва дигарон медињед”. Мард, ки маълум буд инро ќабул карданї нест, канори пирамард нишаст ва чашм дўхт ба девор. Пирамард дасташро гузошт рўи шонаи мард ва гуфт: “Медонї, ваќте рўи хоки ташна бо ќошуќ об бирезї зуд дар хок фурў меравад ва асараш маълум намешавад, бояд борон борад то хок сероб шавад ва мазраъа пурбор. Агар њама аз бузургу кўчак бидонанд, ки молиёт додан чї ба кор чї равнаќе медихад, њеч ваќт аз додани он парњез намекарданд”.

Чашмаш афтод ба санаи чопи рўзнома, як сол пеш буд. Санаро ба пирамард нишон додаму гуфтам: “Манро бин, ки ахбори соли гузашта бароям тозагї дошт!” Пирамард хандид ва гуфт: “Агар зењнат нав нашавад, хабарњои њамаи санањо мисли њамдигаранд!”

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ



   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.