ЉАШНИ ТАВАЛЛУДИ СОРО

Аз шашсола буданд то чањордањсола. Њама хуб ва муаддаб. Аз љониби инсонњои хайрхоњ барояшон марказе сохта буданд бо имконоти хуб барои зиндагї. Толорњои зебо, љои хоби бароњат, љойњои махсуси истироњатї, аз њама муњимтар мудири мењрубон ва ѓамхор. Аслан фикр намекардам, ки дар ин шањри хурд ин имкониятњо мављуд бошад. Толори нигањдорї ва идора хеле гаронарзиш буд.

Некўкорон барои сохтани ин марказ кўшиш карда бошанд њам, боз њам имкони кумак кардан мављуд буд. Њама либоси шинам ба бар доштанд, дар дилашон њарфи гуфтанї зиёд буд. Ѓазал рўи тахта як муш кашид, Њония як гурба. Сорино як мушт хат кашид ва гуфт ин шер аст.

Барои онњо чанд ќисса гуфтам. Хеле хандиданд. Нимрўз буд, љаласа ба дарозо кашид. Дидам њама ба ин тарафу ба он тараф нигоњ мекунанд. Пурсидам: “њавсалаи кї гирифт?” Њама даст бардоштанд. Ба худам гуфтам боз сергапї кардї! Гуфтам: “касе њавсалаи шунидани ќисса надошта бошад, метавонад ба толори бозї рафта бозї кунад”. Касе нарафт, аз бекор будан ќисса гўш карданро бењтар донистанд.

Боз њам сергапї кардам. Боз ќисса гуфам. Ин духтарон ё падару модар надоранд, ё аз онњо бо сабабе мањруманд. Аз ин рў дар ин марказ зиндагї мекунанд.

Њабиба дасташро боло бардошту гуфт: “медонед ман њам нависандаам?” Бо лабханд гуфтам: “намедонам, аммо чї хуб аст!” аз хиљолат рўяш сурх шуд. Гуфт: “шумо бовар намекунед? Охир њеч кас ба ин бовар намекунад. Иљозат дињед як ќисссаамро барои шумо хонам”. Бо иштиёќ ќабул кардам. Чанд даќиќа тўл кашид, рафт аз њуљрааш љузвдонашро овард. Бачањо бо иштиёќ ба ў нигоњ мекарданд. Њама бесаброна мунтазир буданд. Дафтарашро гирифт, њусни хаташ бисёр хушрў буд. Дар дафтараш атрофи навиштањоро гул кашида буд. Дафтараш дар дасташ бо њаяљон меистод.

Њабиба шуруъ кард: “Љашни таваллуди Соро” каме таваќќуф кард. Мисле, ки наметавонист давомашро хонад. Оби дањонашро фурў бурд. Ба хондан шуруъ кард: “Як рўз Соро аз мактаб ба хона омаду тааљљуб кард. Падару модараш барояш торт харида буданд, то љашни таваллудро ќайд кунанд” сокит шуд. Мунтазир шудам давом дињад, аммо давом надод. Ашк аз чашмам чакид. Њама хомўш мондем. Достон кўтоњ буд. Кўтоњ!

Њабиба тамоми орзуњои худаш ва љумла бачањои дигарро гуфта буд. Ангор номи њамаашон Соро буд. Борон борида буд. Шишаи мошин тар шуда буд, мисли чашмњои ман.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.