ПИСАРХОЛА

Чанд рўз пеш даъватнома бароям аз як дабистон омад, ки биравам барои бачањо ќисса бигўям. Барои ин кор завќ дорам. Аммо бояд барои њаллу фасли мушкилоти молиётї ва пешгирии он пеши шањрдорї равам.

Иќбол ёрам шуд, дўстонам ќабул карданд, ки корњоро дунболагирї хоњанд кард. Дилгарм шудам. Имрўз субњ бо шавќ аз хона берун омадам. Осмон шавќи маро бо завќ омехт, борон меборид, бороне ба латофат ва таровати Шероз. Писарамро ба мактаб расонидам. Писараке медавид ки пештар аз дигаре савори мошин шавад. Љузвдони дасташ, либосњояш барои бошитоб рафтанаш халал мерасониданд. Либосњои кушод ба ў зеб медоданд. Дар чашмаш содагї ва садоќат барќ мезад. Ашк дар чашмам њалќа зад.

Ронанда пиёда шуд ва кумак кард, ки њар ду савор шаванд. Нигоњ ќардам ба ронанда, ў њам лабханде заду даст афшонду рафт. Дар роњ ба ронандањо фикр мекардам, ки чї шарофате доранд. Бидуни њеч чизе гаронтарин дороии моро мебаранду меоранд, носипосї њам мебинанд. Оё пуле, ки барои ронандаи фарзандонамон мепардозем, бо арзиши ин дорої ќобили муќоиса аст? Бояд роњи дурударозеро бипаймоем то ба мактаб расем. Борон њама љоро шуста буд. Вориди дафтари мадраса шудам. Мудир бо бачањои футболбоз суњбат мекард. Гўё ба марњилаи ниманињої расида буданд ва хушњолї мекарданд. Бачањо чунин мањви чењраи мудир буданд, ки ангор дар финали љањонї бошанд. Вориди синфхона шудам. Ба ман гуфтанд, ки дар синф чанд кўдаки афѓонистонї њам њастанд. Ќиссаам, ки тамом шуд, рўи тахтаи синф навиштам: “Афѓонистон” ва дар бораи афѓонњо ва Афѓонистон пурсидам. Барои посух додан орому ќарор надоштанд. Миёни њамњамаи сару савои кўдаконаашон њар чї мешунидам. Гуфтам: “агар хоњам мисол биёрам авѓонистонињо ќавму хеши эронињо њастанд. Магар ватан модари мо нест? Эрон Афѓонистон бо њам хоњаранд. Пас афѓонистонињо бачањои холаи мо њастанд”.

Бо шавќу завќ механдиданд. Намедонам чаро, њар бор, ки механдиданд, буѓз гулўямро мефишурд. Гуфтам: “оё ман дар ин синф писархола дорам?” Чањор нафар дасташонро боло карданд. Сураташон чун садбарг шукуфт.

Дар синфи дигарї мехостам дар бораи “Нигоњ доштани хашму ѓазаб” ќисса бигўям. Дар ќиссае, ки гуфтам, оќибати хашму ѓазаб пушаймонист. Дар тахтаи синф навиштам: “асабоният”. Аз бачањо пурсидам: “ба назари шумо оќибати асабоният чист? Дар забонам “т” омад ва гапамро гум кардам. Хандидаму ба бачањо гуфтам, ки њар бор асабї шудед ин лањзаро ба хотир биёред.

Баъди итмоми ќиссахонї чанд писар пеши ман омаданду гуфтанд: “мо бо њам писархола њастем, канори њамдигар мемонем, шумо њам боз пеши мо биёед”.

Хандидаму аз мактаб берун шудам. Борон њанўз меборид. Њама љо тар буд, њатто чашмони ман.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.