МАРДУ

Писарам телевизион тамошо мекард. Њунарпешаи зебое сигор мекашид. Писарам чашмаш ба телевизион, дар дасташ чойи ширине дошт, пурсид: “додо, сигор кашидан кори бад аст?” Гўё телевизион ба ман писханд мезаду мегуфт: “Маро ба чашми кам нагир! Барои тарбияти фарзандат кор кун. Ман њама одоби ўро ба боди фано медињам!”

Ба писарам гуфтам: “бале, кори бадест!” Боз пурсид: “одаме, ки сигор мекашад, ун њам одами бад аст?” ба њунарпешаи филм нигоњ кардам. Мани бенаво куљову он њунарманди маъруф куљо! Гуфтам: “на, писарам, на њар касе, ки сигор мекашад одами бад аст”.

Писарам боз пурсид: “чї тавр мешавад, ки њам одами хуб бошад, њам кори бад кунад?!” Ба суханаш љавобе надоштам.

Чї тавр ба бача бифањмонам, ки кори бад аз одами бад фарќ дорад. Шояд одамњоро набояд ба баду хуб таќсим кард. Аз он рўз як-ду сол мегузарад. Имрўз љузъи он рўзњое буд, ки фикр мекунам далели зинда мондани ман аст. Имрўз бояд касонеро мулоќот мекардам, ки надида будамашон, аммо дўсташон доштам. Бо даъвати дуктар Иброњимї ба Конуни силоњу тарбият рафтам. Толор пур аз писарони нављавон буд, њамсинну соли писари ман, ё як-ду сол калонтар. Љурмашон дуздї, даргирї, маводи мухаддир, ё мисли ин буд. Дар чашмонашон ба љуз покї чизи дигаре намедидам. Асаре аз шарру бадї дар вуљудашон набуд. Масъулин маљлиси хубе баргузор намуда буданд. Пур аз сафо буд. Чанд китоби хуб њам муаррифї шуд.

Навбат ба ман њам расид. Як-ду њикоя барояшон хондам. Дар мавзуи нигањ доштани хашму ѓазаб. Нигоњашон ба ман буд. Нигоње пур аз шавќ ва њаё. Дилам мехост писарам он љо буд ва барояш мефањмондам, ки гуна мешавад, ки одами хуб кори бад мекунад. Ваќте касе набошад ки туро ба худат бишносонад, он ваќт мумкин аст кори бад кунї. Ваќте одамњои давру барат њама бадкорањо бошанд, онњо њамааш туро ба роњи бад мебаранд. Он ваќт бо њама хубињоят кори бад мекунї. Гуфтам: “кї аз њама шуљоътар аст?” Аз миёни ин њама танњо яке дасташро боло кард. Писари нављавон бо чењраи мардона. Даъваташ кардам. Дастњояшро аз ду тараф пањн кард ва бо абрувони дарњамкашидаву ќомати баланд омад. Даст дод. Дасташро гирифтам ва ба тарфи худ кашидам. Пешонияшро бўсидам. Хеле муаддаб худашро ќафо кашид”.

Маљлис тамом шуд. Бачањо наздиктар омаданд. Њоли хурду калон хуб буд. Калонтараш омад ва гуфт: “навкартам, марду” ва медонист, ки як шерозии хуб медонад, ки “марду” як вожа нест, дараљае аст, ки фаќат ба рафиќони самимї медињанд.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.