ТАЊЌИРИ МУСБАТ

Каме дер бедор шудам. Ќарор буд барои субњона нон харам. Њамсару писарамро бедор кардам. Пеш аз хоб хестанашон барои нон рафтам. Медонистам, ки писарон бояд њар чи барваќттар ба мактаб раванд, набошад мушкил эљод мешуд. Дањ-дувоздањ нафар дар навбат буданд, аз ваљоњаташон маълум буд, ки онњо њам саросемаанд. Фаќат ду нафар ором истода буданд. Пираманд, ки лабханд мезад, марди ќадбаланд бо мўњои ќањваранг онљо истода буд.

Он рўз субњ субњи комилан мардона буд. Афроди дар саф истода њама мард буданд, дар нонвої чањор нафар кор мекард. Бо ќираи чашм ба так-таки онњо нигаристам. Бањонае барои пеш рафтан вуљуд надошт. Бояд худро фаромўшхотир вонамуд мекардам. Садои таќ-таќи пошнаи туфлие таваљљуњамро љалб кард. Хонуме саросемавор омад пештар аз мо истод. Дар дасташ косаи ош буд, дар чашмаш айнаки сиёњ. Маълум буд, тоќати дар саф истоданро надорад. Ба нонвой гуфт: “се то нон дињед”.

Ангор моро намедид. Ман натавонистам эътироз кунам. Марди ќадбаланд хеле љиддї гуфт: “саркорхонум, мо њама дар саф истодем, аз чањор нон бештар намехарем. Хоњиш мекунам, дар саф истед”.

Пеш аз он ки зан љавоб дињад, як мард гуфт: “монед, нонашро гирифта равад, як зани бечора аст!” Чанд нафари дигар њам бо ў њамнаво шуданд. Мард бо љиддият гуфт: “агар эшон як зананд, ман як мардам, чї фарќе дорад? Бояд њама дар саф истанд”. Коргарони нонвойхона ва чанд мард барошуфтанд. Яке аз коргарњо гуфт: “эй мардак, ин бечора зан аст. Магар ту фарќи зану мардро намефањмї? Њоло ту ки ин корро мекунї, ман бенавбат ба ин зан нон медињам, пулашро њам намегирам”.

Зан ки то њоло фаќат тамошо мекард, бо лањни фотењона нонро гирифту болои миз чид то хунук шавад. Ману пирамард сокит будем. Пирамард ба зан наздик шуд ва гуфт: “духтарам, дидї чанд то мудофеъ дорї?!” Зан лабханде зад ва тавре, ки мард њам садояшро шунавад, гуфт: “бале, падарљон, мисли ин ки ба баъзењо бояд рафтори хунумонро бояд ёд дод”.

Марди ќадбаланд даст ба сина истода буд ва таваљљуње намекард. Пирамард ба ман нигоње кард. Як ќадам наздиктар омад ва оромона пурсид: “ба назарат кадом як аз ин мардњое, ки ин љо њастанд, мавќеи ронандагї имкон надорад, ки хонумро масхара кунад? Ба назарат кадом яке истеъдоди доду фарёд бар сари њамсараш надорад?” Аз ин саволи печидаи пирамард гиљ будам, ки ногањон садои сигнали мошин баланд шуд. Мошини донишомўзе мехост аз роњ гузарад. Аммо роњро мошини дигаре банд карда буд. Ронанда сарашро аз тирезаи мошин берун карду гуфт, ки соњиби ин мошин кист, биёяд мошинашро бигирад, мо њам гузарем. Мо гуфтем: “бечора ронандаи ин мошин зан аст, аз ў аз ин бештарро намешавад интизор шуд”. Њама хандидем. Мошини роњро бандкарда мошини њамон марди ќоматбаланд буд, нишаст ва бо шитоб аз назарњо ѓоиб шуд.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.