ТИСКИ ТАРСУ
دوشنبه 23 مهر 1403
بازدید: 3
Аз зинањои мактаб ки боло мерафтам, писареро дидам, ки мисли чўља меларзид ва ба љузвдони модараш овезон шуда буд. Банди туфлияш боз шуда, зери пояш мерафт. Симояш зери ниќоби тиббї гум шуда буд, ангор чашмонашро њам мехост бо айнак пўшонад.
Дари толорро боз кардам, хостам зудта ворид шаванд. Дастњои моро бо мањлул тоза кард. Зани солхўрдае, ки миёни толор истода буд, рў ба мо карду гуфт: “лутфан њамин љо бошед то њуљраам холї шавад”. Писарак дасти модарашро кашид. Модар тоќаташ ки тоќ шуда буд, бо туршрўї гуфт: “Вой! Чї ќадар ба ман мечасбї? Ин њама бачањо њамсинну соли ту њастанд, аммо бубин ки њеч кадомашон ба падару модарашон намечасбад! Мехоњам ин љо туро партофта равам?”
Писарак сарашро бо инкор мељунбонд. Пирамард курсиро ба тарафи зан бурду гуфт: “духтарам, ором бош. Бача аст дигар. Такягоњаш туї! Ба ту начасбад ба кї часбад?” Зан ба курсї нигоњ карду нишаст. Писаракро мањкамдар оѓўш гирифт ва навозиш кард. Муаллимаи љавоне омад номи писаракро садо кард. Модар гуфт: “Порсо, номаш Порсо аст”. Муаллима гуфт: “Порсољон, мехоњї синфро бубинї?” Писарак ки ба модар часбида буд њеч љавобе надод. Модар бо лањни мењрубон гуфт: “Муаллима, писарам модарашро дўст медорад. Имкон дорад, ки аз ман људояш накунед?”
Муаллима тавзењ дод, ки имсол дарсњо ѓоибона мегузарад. Њоло фаќат ќарор аст, ки бачањо бо муаллимашон ошно шаванд. Писарак њозир набуд њамроњи муаллим ба синф равад. Билохира ќарор шуд, ки муаллим пеши бачањо суњбат кунад, тавре ки модараш пешаш бошад. Онњо машѓули суњбат шуданд.
Зани солхўрда рў ба модар карду гуфт: “њамин як фарзанд дорї, духтарам? Мунтазири љавоб намонду идома дод: “муњаббат хеле зиёде ба писарат дорї ва намегузорї аз ту људо шавад. Боз ту бача ки ба ту часбид, љангаш мекунї! Мисли истаконе, ки аз яхдон берун орї ва дар дохилаш чои гарм резї. Худ, пора мешавад дигар! Доѓун мекунї бачаро!”
Модар сокит буд. Гиљу гаранг шуда буд, Пиразан нигоње ба ман карду гуфт: “ту њам њатман бача дорї, пас гўш кун: булбул њафт тухм мегузорад, шаш тояш вайрон мешавад, танњо як тояш булбул мешавад! Медонї чаро? Чун бачаро тарбият кардан мушкил аст! Аз як тараф сахтгирї, аз тарафи дигар мењрубонї. Агар амнияташ таъмин набошад чањ-чањ намекунад булбул, як тиски тарсу мешавад!” Муаллимаи љавон бо Порсо баъд аз суњбат њамроњи мо истода буд, гапњои моро гўш мекард, гуфт: “албатта, модарљон, булбулњо агар барои тарбияти фарзандашон аз мушовирњо истифода кунанд, њар њафт чўљаашон ќанорї мешавад!”
Њама хандидем. Порсо дастмоли коѓазияшро гирифту ба тоза кардани айнакаш машѓул шуд.
Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ
Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек
Китоби як саҳифа
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.