ПЕШГЎЇ

Гуфтам: “бибї, шумо пешгўї карда метавонед?” Хандиду гуфт: “на, пешгўиро на, аммо пешбиниро метавонам”. Гуфтам: “чаро ваќте њама нозу ишва мекунанд, ту табассум мекунї?” Бибї чизе нагуфт. Бод аз панљараи мошин ба рўймолаш мехўрд. Маълум буд боди хунуки субњгоњї њушро аз сараш бурдааст. Пеши озмоишгоњ расидам. Аммо то боз карданашон хеле ваќт монда буд.  Гуфтам: “медонистам зуд мерасем ва бекор менишинем!” Бибї чашмашро кушоду гуфт: “њоло нороњати ки чањор одами сањархезро хандон дидї? Аз боди субњ хушат намеояд? Афсўс мехўрї, ки дар тарофик намондиву дилат хун нашуд? Механдид. Ман њам хандидам. Рост мегуфт. Њамин рубъи соъат ронандагии субњ њоламро хуб карда буд. Духтари љавоне дар пиёдарањ ба тарафи мо омад, китоб дар дасташ буд. Њар даќиќа пеши пояшро медид, пояш љое барнахўрад. Боз сарашро рўи китоб хам кард. Маълум буд чизеро азбар мекард. Бибї гуфт: “имрўз борон меборад. Њоло озмоишгоњ боз мешавад.

Ин духтарак меояд ва бо мо салом мекунад. Ман шояд на, аммо шумо ва бачањои шумо рўзњои хуберо хоњед дид. Худашро мураттаб кард ва аз озмоишгоњ пиёда шуд. Хонуме омад ва дари озмоишгоњро кушод. Аз тааљљуб дањонам боз монда буд. Духтар мехост чизе бигўяд, аммо ман нагузоштам гап занад. Гуфтам: “бибї, ман мегўям шумо пешгўї мекунед, шумо ќабул надоред. Ин чизњоро аз куљо фањмидед?” Бибї бо ханда гуфт: “субњ то њозир бўи нами борон меомад. Аз самти ќибла њам абри сиёњ меомад. Ин гувоњи он аст, ки борон меояд. Ин духтар, ки дар китфаш љуздон дорад, калидашро мељуст, ки дарро боз кунад. Бибиро гуфтам: “аз куљо фањмидед, ки ба мо салом медињад?” Гуфт: “дидам, ки ба самти мо меояд”.  Духтар хандиду гуфт: “на, модарљон мактаби он он тарафи хиёбон аст. Ман танњо хостам камтар пиёдагардї кунам”. Бибиям рў ба ман карду гуфт: то ваќте, ки ин гуна духтарони донишомўз дар шањранд, ояндаи ин давлат рўшан аст”. Духтар бо мо худоњофизї кард ва рафт.

Он тарафи хиёбон мактаби бузург ва зебое буд. Фаврї худамро ба он љо расондам. Бибї бо кормардон саргарм буд. Ман ба атрофи мактаб менигаристам. Марди миёнсоле толорро тоза мекард. Пурсидам: “ин тоза сохта шудааст?” Садои бачањо ба гўш мерасид. Офтоб сањни мактабро зеботар карда буд. Мард бо ханда гуфт: “ту мактаби пештараро дида будї, ки ба зиндон монанд шуда буд! Ин мактабро ду-се соли пеш сохта буданд. Мо њам дар ин кор шарик будем”. Бибиям њарфњои моро мешунид, гуфт: “чї гуна шарикед?” мард љорўбашро рўи замин гузошту гуфт: “барои сохтани мактаб пули зиёд лозим буд.  Илова бар ин ду-се хонаи наздики мактабро бояд мехариданд то мактаб калонтар шавад. Ин мактаб бо пули мардум сохта шудааст. Як ќисмаш њам насиби озмоишгоњ шуд”. Бо тааљљуб гуфтам: “ангор њоло њам одами хуб пайдо мешавад”. Бибиям гуфт: “писарљон, обѓўра дар сардхона чанд сол њам монад обаш тару тоза аст”. Ба ман гуфт: “аз њамин рўз  маро бубар, ќабл аз ин ки пуламро барои хариди санг сарф кунам, чанд ољур бихарам!”

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.