АФКОРИ ЗЕРИХОКЇ

Солњои нахустини љанг буд ва ба зарурати шуѓли падарам ба Аабркўњ мурољиа карда будем. Тањсилоти ибтидоиямро дар дар мадрасаи ибтидої оѓоз кардам. Он солњо аз мошинњое, ки бачањоро ба мактаб мебарад, хабаре набуд ва бояд пиёда ба мактаб мерафтем.

Падару модарон њам нигарониро наомўхта буданд. Мудирони мактаб рўзи аввал мењри донишро бар асоси мањал дастабандї мекарданд ва аз миёни бачањои як мањалла касе, ки хонааш дуртар буд, мегузоштанд сари саф, парчаме ба ў медоданд, ки нишони мактаб рўи он буд. Субњњо ў бо он парчам аз хона роњ меафтод ва меомад дунболи нафари баъдї ва ба њамин тартиб нафароти баъдї то ба мактаб мерасиданд.

Аз аввал ба мо ёд дода буданд, ки бояд бо саф њаракат кунем. Аз нафари наздиктар фосила дошта бошем ва дар тули масир бо њам аслан суњбат накунем. Ба мо мегуфтанд нон њурмат дорад ва об муќаддас аст, мояи њаёт аст. Дар мактаб омўхта будем, ки обро ба андозаи ниёз сарф кунем ва обро боз нагузорем, ки барњадар равад.

Адабро, эњтироми бузургтарњоро ба мо омўхта буданд. Баъд аз таътил шудани њама бо саф ба хона бармегаштем. Њамаи мардум, косибњо ва рањгузарон бо эњтиром ба мо нигоњ мекарданд ва мошинњо ба эњтироми парчами мактаб меистоданд. Ќоида ин буд, ки субњњо пеши хонаамон истем. Агар касе њозир нашуд, масъули саф аз воќеа бохабар мешуд ва ба дигарон гузориш медод.

Агар аз роњ нонрезаеро медиданд, мебардоштанд. Дар њаммомњо тосу коса буд, обро дар он нигоњ медоштанд. Баъзе ваќтњо њис мекунам ќитъае аз худамро гум кардаам. Чанд рўз ќабл хотирае аз падарамро, ки дар дањаи аввали соли њафтодум буд, ба хотир овардам, ки навишта буд: “пас аз сафаре, ки ба кишварњои шимоли Аврупо доштам, ба корхонањои онњо таваљљуње накарда будам. Њоло марказњои тавлидкунанда мисли шаст соли пеши мо зиндагї мекунанд. Он њам на шаст соли пеши Тењрон ва Шероз. Онњо њанўз њам ба ањде, ки доранд, вафодоранд.

Онњо њанўз њам ба кору талош эњтиром мегузоранд. Онњо пеш аз пул гирифтан кор мекунанд. Бо вуљуди он ки кишварашон боронист ва мушкили об надоранд, боз њам ба об эњтиром мегузоранд. Њаммом ва хонаро гарм нигањ медоранд, то барои гарм карданаш масраф накунанд. Фарќаш танњо ин аст, ки техногияро мувофиќи усули сањењи фарњангї пеш мебаранд, мо шояд ќитъањое аз усули фарњангиямон ва њамон афкори зерихокиро љойе дар масири пешрафти технологї људо гузоштаем”

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.