МАЙМУН

Хонум дасташро аз рўи сигнали мошин намеканд. Њама чиз дарњам-барњам шуда буд. Шогирди мевафурўш шалангро кашида буд дохили маѓоза, мевањоро мешуст. Марде анорњоро яке-яке фишор медод ва дар сабад мегузошт. Мевафурўш гуфт: “њамаи мевањоро зери об кардї, фикри харидоронро њам дар сар дошта бош.

Садои сигнали мошин ќатъ намешуд, писаре аз мошин пиёда шуд, дохили маѓоза рафт. Попўши тобистонаи хонагї дар пояш буд. Дар дањонаш саќич буд, чашм аз планшеташ намеканд. Гуфт: “додо, додо, очам мегўяд, ки додоятро гўй биёяд, дар хона маймун дорем”.

Ману мевафурўш ба хамдигар нигоњ кардему хандидем. Мард пушти сари писараш заду гуфт: “маймун чист, бигў мењмон!” садои ќоњ-ќоњи мевафурўш ва шогирдаш баланд шуд. Ба андозаи як сандуќ партов љамъ шуда буд ва об зўраш намерасид онро аз шуста барад. Мард хурмоњоро мефишурд, хонум аз сигнал додан ба ягон маќсад нарасида, мўи парешонашро зери кўлоњаш бурду ба маѓоза ворид шуд. Мевањоро ба сабад холї кард ва ба шавњараш гуфт: “аслан мева намехостам, биё равем, ки аз стресс мемирам”.

Мард хурмоњои дасташро мањкам ба замин зад ва ба пушти занаш рафт. Мевафурўш дод зад: “мевањои мо ку, майлаш, аммо ин бачаи бадбахтро фаромўш накунед!”

Зан дубора пиёда шуд ва барои писараш омад. Бонуи солхўрда харидашро пештар овард ва бо зан дар гуфтугў шуд. Гуфтугўяшон каме тўл кашид. Баъд зан писарашро гирифту рафт. Пиразан машѓули бардоштани картошка шуд, шогирди мевафурўш мевањоро пок мекард. Пиразан нигоње ба ман карду бо ѓазаб гуфт: “ту чаро ба иштибоњи ун писарак ва падараш хандидї?!” Нагузошт гап занам, љиддї идома дод: “аз ин имтињон њамаи мо нагузаштем”.

Сукут маѓозаро фаро гирифт. Пиразан ба шогирди маѓоза гуфт: “обро банд, ним кило сабзии хуриш ва ним кило сабзии хўрданї барои ман дењ”.

Пиразан гуфт, ба зан гуфтам: “ ин нушобањоро мебарї хотири мењмонњо њам тира мешавад. Дигар ин ки ин бача фардо интиќомашро аз мову шумо мегирад”. Рў ба маѓозадор карду гуфт: “ту наметавонї як љорўб ба шогирд бидињї, ки ин љоро тоза кунад, обро њайф накунад?”

Шогирд каме хиљолатзада шуд, зан гуфт: “ту бо ин корат ду то зарар ба ман мерасонї; яке ин ки обро њайф мекунї, дигар ин ки ин корро ба дигарон њам ёд медињї”. Бароям паёмак омад: “зуд биё хона, ки мењмон дорем”.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.