ЛАКНАТИ КОВУС

Ману Ковус рафта будем хонаи дўстамон Ризо. Барои дарсхонї. Ковус аз њамаи мо бештар хонанда ва муаддаб буд, хаташ њам бисёр зебо буд. Албатта, забонаш каме лакнат дошт ва њамин боис мешуд камтар сухан гўяд, фикрашро баён созад.

Модари Ризо бо зарфи пур аз анор ворид шуд ва мо сарамонро дар китоб фурў кардем. Ончунон худамонро ѓарќи мутолиа нишон додем, ки ба худаш иљозат надод бо мо њарф занад. Танњо ором пурсид: “чаро дер омадед?” Кову гуфт: “ллллўлаи об ттттаркида буд”. Модари Ризо нишонии таркиши лўлаи обро аз мо пурсид ва телефонро бардошт ва ба идораи об занг зад.

Барои њар кадоми мо анореро дона кард ва дохили коса рехт. Ману Ризо анорњоямонро хўрдем. Анор бо тамъи турш ва ширин. Косаи Ковус пур аз донањои сурхи анор буд. Танњо нафаре, ки воќеан дарс мехонд Ковус буд. Модари Ризо гуфт: “чаро намехўрї? Бихўр, анор меваи бињишт аст”. Ковус аз хиљолат сурх шуд ва гуфт: “хе...хе...хеле...”. модари Ризо њарфашро ќатъ карду гуфт: “бихўр”. Ковус як ќошуќ хўрд ва шуруъ кард ба хондани китоб. Модари Ризо медонист, ки агар ў равад, мо њама анорњои Ковусро мехўрем, бинобар ин китобро аз дасти Ковус гирифт ва ўро барои хўрдани анор ташвиќ кард: “Ковусљон, аввал бояд анорњоро бихўрї баъд китоб хонї”. Ковус дубора сурх шуд ва гуфт: “хе...хе...хеле...тттт...” аммо модари Ризо ўро ором намегузошт. Ковус дар њоле, ки аз шарм араќ карда буд, анорњоро хўрд. Аз кўча садои коргарон ба гўш мерасид. Модари Ризо барояшон чой дам кард ва ба хона таклифашон намуд. Раисон мегуфтанд агар тамос нагирифта буд, обе, ки як њарфа бояд сарф мешуд, дар як соат ба замин мерехт. Аз ин рў модари Ризо аз мо таќозо мекард, ки шумораи идораи обро ба хотир бигирем, дар ин њолатњо бо ў дар тамос бошем. Ковус худоњофизї кард ва рафт, мо њамчунон машѓули дарс нахондан будем. Модари Ризо зарфњоро љамъ кард, донањои рехтаи анорро бардошту гуфт: “њатто як дона анор набояд ба замин бошад, гуноњ аст”. Зарфи Ковусро бардошт, чањор-панљ дона афтода буд. Анорро бо дандонњояш газид ва гуфт: “илоњо фидоят шавам Ковус! Чї ќадр ин анори турушро бо мушкилї хўрдї!” ва ба сурфидан шуруъ кард.

Баъд фањмидем, ки чаро Ковуси бенаво анор намехўрад ва мехост чї бигўяд. Рўзи баъд як воќеае дар мактаб шунидем. Ковус аз муаллим хостааст, ки дар тахтаи синф як љумла нависад. Ин љумларо навишт: “ман сабр мекунам, ки шумо бихандед, шумо њам сабр кунед, ки ман гап занам”

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.