ОЌОИ МУДИР

Ронандаи таксї шалангро ба зўр пеши мошинаш бурд, бо фишори об онро мешуст. Як дасташ ба телефонаш буд, дасти дигараш ба шаланг. Аз пиёдарав то хиёбон аз об тар шуда буд, маълум буд дилаш барои об намесўзад.

Марде канорам истода буд ва ўро нигоњ мекард. Мард њам мисли ман интизори таксї буд, аммо дар ин хиёбон моро касе савор намекард. Кори шустан, ки тамом шуд, савор шуд ва барои моро садо зад.

Савор шудем. Фурсат мељустам то имкон пайдо шавад сари суњбатро ба дигар тараф барам ва ба коре, ки дар хиёбон анљом дод, эътироз кунам. Чанд љавони мошинсавор мехостанд бошаст аз пешамон гузаранд. Ронандаи таксї аз ин корашон табъаш хира шуд, гуфт: “чї кунем. Аз дасти ин љавонњои пуршўри бедиќќати насињатношунав! Наздик буд њам барои худ ва њам барои ман дарди сар эљод кунад!”

Марди мусофир айнаки сиёњашро бардошт ва бо ханда гуфт: “Охир инњо мудире мисли Ќизилбош надоранд то тарбяташон кунад”.

Ронанда сарашро ба аќиб гардонду ба мард хира шуд. Мусофир гуфт: “Чї нигоњ мекунї? Ба пеш нигоњ кун, то моро дар хатар наяндозї!” Табъи ронанда шукуфт. Бо иштиёќ пурсид: “Ту Ѓуломризо нестї?” мунтазири љавоб намонд. Дасташро рўи шонаи мард гузошт ва ањволпурсї кард.

Як-ду-се даќиќа суњбат крарданд. Ронанда нигоње ба ман кард ва гуфт: “мо дар мактаби “Вањид” њамсинф будем, чињил сол пеш. Мудире доштем бо номи Ќизилбош. Албатта ў танњо мудир набуд, падар буд, муаллим буд, рафиќ буд”. Мард миёни њарфаш гуфт: “одам буд, одамсоз буд. Њар хонандае, ки дар њеч мактабе роњ намедоданд, мепазируфт, одамаш мекард, ба дасти љомеа месупурд. Мактаби мо пур аз хонандагони ихрољшуда буд. Ёѓи меомаданд ва сарафканда мерафтанд. Њамеша мегуфт мо донишомўзи бад надорем, фаќат бояд тарбияташон кард”. Шишаи панљараро боло кашид ва идома дод: “ёдат њаст як рўз модари Шањром мактаб омада буд, ба муаллим мегуфт бачаи ман дарсашро дар хона тайёр намекунад! Ќизилбош Шањромро таъриф кард, ки: “бачаи пешќадами мактаби мост”.

Ба оина нигоње андохт ва идома дод: “ваќте модари Шањром рафт, гўши Шањромро гирифту гуфт: бача, ту ба ду далел дарс мехонї: якум, барои ояндаи худат, дуввум, барои ин модари дилсўзат. Ояндаат дасти худат аст, мехоњї бихон, намехоњї нахон, вале аз имрўз барои хушњолии модарат рўзе як-ду соат бояд дар хона китобро ба даст гирї, вагарна ман медонам бо ту чї кор кунам”.

Њамин китоб ба даст гирифтан Шањромро кард як Шањроми муваффаќ”.

Мард идома дод: “Ёдаш ба хайр!  Мегуфт њар субњ бо ду то ишќ аз хона берун мешуд, ишќи Худо ва ишќи халќи Худо”. Баъд дасте ба шонаи ронанда зад ва гуфт: “Агар Ќизилбош туро медид, ки обро барњадар мерезї, фалакат мекард!”

Ронанда хиљолатзада шуд. Мард лабханде зад ва идома дод: “хелењо ба як истакони ин об мўњтољанд”. Ба маќсад расида будам. Гуфтам: “лутфан нигањ доред, пиёда мешавам”.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.