БАЧАИ КОРЕЗ
جمعه 13 مهر 1403
بازدید: 3
Субњи љумъа бо садои намоз хондани бобоям, ман, писари амакамонам, писараи аммањоям, ки дирўз дар хонаи бобоям монда будем, барои бозї сар аз пои худ намешинохтем, бедор шудем. Бибиям њам мисли њар рўзи субњ дар њавлї аз паи анљоми корњо буд. Намедонам, охир бибиям дар ин субњ дар њавлї чї кор мекунам!
Фаќат сару садо ва хиш-хиш ва таќу туќаш њанўз дар гўшам занг мезанад. Кўрмол-кўрмол омадам дохили њавлї, дасту рўямро шустам. Бачањо њам яке-яке омаданд. Падарам, ки дар долон истода буд, гуфт: “биравед савори мошин бишавед, то ман ва бобоят њам биёем”.
Попўшњоямонро пўшидем ва чидем дар аќиби мошин. Ним соат баъд аз шањр берун шуда будем ва аз канори мазраъа ва боѓњо мегузаштем.
Бобоям гуфт: “Њамаи ин сабзаву дарахту гиёњ аз баракати об аст. Инњо њама бачањои обанд, аммо об худаш фарзанди корез аст”.
Ба падарам ишора кард, ки вориди љодаи хокї шавад. Падарам суръатро кам кард, вориди љодаи хокї шуд. Такон хўрдани мошин боис шуд, ки бачањо аз хоб бедор шуданд. Аз боѓу мазраъањо дур шудем. Бобоям гуфт, ки бояд аз ин љо ба баъд пиёда равем. Падарам мошинро гузошт. Њама пиёда шудем, падарам субњонаро рўи шонааш гирифт, њама ба роњ афтодем.
Падар бароямон луќмае гирифт, њам роњ мерафтем, њам нону панир мехўрдем. Бобоям бо мо гап мезад: “мардуми ќадим медонистанд, ки Эрон сарзамини пуробе нест ва аз тарафе њам барои он ки битавонанд зиндагиро дар шањрњо ва ободињо ба љараён бияндозанд, ба об ниёз доштанд, барои њамин аз њазорон сол пеш бо ихтирои оби чоњ, обро аз зери замин ба сатњи замин меоварданд ва аз он истифода мекарданд”.
Ба љое расидем, ки пушти теппаи хокї як чоњ буд. Бобоям гуфт: “Натарсед, бо эњтиёт наздиктар оед”. Наздиктар рафтем. Кабутарони зиёде дар дохили чоњ берун баромаданд. Он ќадар ба мо наздик буданд, ки хаёл кардем моро мехўранд. Бо ёрии падар ва бобоям пойинтар рафтем ва чоњро нигоњ кардем. Як љўйи об дар он дар љараён буд. Бобоям гуфт: “Аз ин љо чанд фарсах болотар мисли ин чоњ чанд тои дигар њаст, чоњњои болотар чуќуртаранд. Ин чоњњо аз зер ба њам пайвастанд”.
Ман аксари суханњои бобоямро намефањмидам, аммо тамоми љузъиёташ дар ёдам мемонд. Он рўз то нимрўзї дар биёбон ќадам мезадем ва чизњои навро мешунидем. Бобоям гуфт: “Шуморо овардам, ки ин обњоро бинед ва бидонед, ки об чи ќадар ба сахтї ба даст меояд ва чи ќадар арзишманд аст! Шумо дар шањр калон шудаед ва арзиши обро дарк карда наметавонед. Камтар њамроњи ман роњ раведу ташна шавед. Агар як рўз ташнагї кашед, то охири умр ёдатон мемонад, ки об аз падару модар њам азизтар аст”
Ёдаш ба хайр! Ин рўзњо аз бобоям ва суханњояш ёд мекунам.
Зўњр шуда буд, мо на боѓро медидем, на шањрро, на мошинро. Њар тарафро, ки медидем сароб буд. Фикр мекардем аз дунё хориљ шудем. Мо-бачањо сокит будем. Як навъ тарс дар мо њоким шуда буд! Тарс аз ташнагї ва танњої!
Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ
Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек
Китоби як саҳифа
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.