ХУРФА

Ман ва бобоям хандидем, бибиям лангон-лангон рафт, ки шлангро аз он тарафи њавлї биёрад. Бо ишораи бобоям давидам ва шалангро аз дасти бибиям гирифтам. Кашидам ва овардамаш. Бибиям гуфт: “Шаб мењмон дорем, мехоњам њавлиро рўбучин кунам”. Мисли як набераи боадаб гуфтам: “Бибиљон, шуморо намемонам коре анљом дињед. Худам њавлиро рўбучин мекунам. Шалангро дар широб задам ва обро то охир боз кардам. Бибї бо хашм гуфт: “Бубанд обро, бубанд!” Мунтазири ман намонда худаш хам шуд ва обро баст.

Дар њоли бастани об гуфт: “бача, мехоњї ќањри Худо биёяд? Агар ба ман кумак карданї бошї, ин зарфро пури об кун ва ба њавлї пош дењ”. Бибиям љорўбро дар зарф зад ва руфт. Бўи хоки намхўрда дар фазо печид. Бибиям љорўб мезад ва ман бо зарфи об пушти сари ў мегаштам. Сари хар як ќадам љорўбашро дар зарфи ман мезад ва љорўб мекард то чанги замин ба њаво нахезад. Бобоям охирин пораи нонро аз дастархон бардошт ва нонрезањоро дар як гўшаи њавлї рехт. Дастархонро афшонд ва ба ман гуфт: “гурбаи мо њаќќи чошташро хўрдааст, ин барои парандањост”.

Дастархонро дар лаълї гузошт. Зарфњоро бардоштаму ба ошхона бурдам. Шод будам, ки шаб бо бачањо бозї мекунам. Аз шавќ рафтам вазифаи хонагиямро навиштам, ки шаб бароњат бо бачањо бозї кунам. Тамом, ки шуд, ба њавлї рафтам. Бибиям њавлиро мисли кафи даст тоза карда буд. Бўи нам меомад, аммо њеч љо тар набуд.

Наздикињои ѓуруб њамаи аммањо ва амакњоям бо зану бачањояшон омада буданд хонаи бибї. Занњо машѓули омода кардани хўроки шом буданд, мардњо машѓули суњбат. Мо-бачањо даври њам нишастем ва машѓули гапу бозии худ шудем. Модарам як корду як коса ба ман доду гуфт: “аз замини њавлї кабудї чин ва ба зани амакат бар. Наъно, райњон ва хурфа њам бичин”.

Косаро гирифтам ва бо хотири гирифта рафтам лаби замини њавлї нишастам. Аз њамон тараф дод зад: “мабодо решакан накунї”. Пештар дида будам бибиям чї гуна кабудї мечид. Косаро пур аз кабудї кардам.

Бачањо њам омаданду нишастанд. Њамон љо баргњои љавони хурфа ва райњонњои бунафш хўрдем. Зани омакам омад болои сарамон дод зад: “кабудиро нашуста намехўранд, касал мешавед”. Рав, дар об шуста биёр!”

Бўи кабоб баланд шуда буд. Косаро пур аз об кардам ва мондам канори зарфшўї.  Омадам бо бачањо машѓули бозї шудем. Барои бозии рустшавакон хонаи бибї љои бисёр мувофиќ буд. Як-ду соат бозї кардем. Аммаам садоямон кард: “Бачањо, биёед, дасту рўятонро шўед, ки ваќти хўрок хўрдан шуд”.

Аммаам шалангро дар дасташ гирифта буд ва мо дасту рўямонро мешустем.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.