МАНУ МИЯВ
دوشنبه 9 مهر 1403
بازدید: 2
Ваќте падарбузургам расид, њама хўроки нисфирўзї хўрда буданд. Њамон љо лаби айвон нишасту таштро пеши худаш бурд. Широбро боз кард ва туфливу љуробњояшро кашид. Бо њамон обе, ки аз ташт мерехт, дасту рўяшро шуст ва мўйњояшро ба танзим даровард. Обро баст ва пояшро дохили ташт гузошт, лабханде зад ва гуфт: “Пойи одам дилу љигари одам аст. Њоло њам љигарам хунук шуд ва њам ќалбам ором ёфт”.
Зарфро њамон љо гузоштам, љое, ки дастархон пањн шуда буд. Модарбузургам сабади меваро дар миён гузошт. Зарфи ѓизохўрї, сабзї, пиёз, як пора харбуза, як истакон дуѓ, намакдон, ќаланфўр , нон њам даври косаи шўрбо чида шуда буд.
Дилам мехоњад як бори дигар биншинам ва шўрбо хўрдани бобоямро тамошо кунам. Гуфтам: “бобољон, бифармоед то шўрбо сард нашуда марњамат кунед”.
Рўи кўрпача нишаст ва гуфт: “Љони бобо, об муъљиза мекунад. Њоло њама хастагии манро шусту бурд” Дасти чапашро байни нон гузошт ва бо дасти рост нонро пора кард. Хеле нозук онро ќошуќе кард ва бо он тиккаи гўштеро аз косаи шўрбо даровард. Нон аз шўрбо тар шуд. Чарбии гўшт њам аз канори луќма дар коса мечакид.
Бо ин ки сер будам, оби дањонам мерафт. Бобоям луќмаеро ба ман дод ва барои худаш луќмаи дигар гирифт. Гурбае аз рўи девор омад пањлўи бобоям муаддабона ва гуфт“мияв”.
Бобоям нигоње ба ман кард ва хандид. Луќмаро ба гурба дод ва луќмаи баъдиро ба ман дод. Њарчанд сер будам, боз њам намехостам аз сари дастархон дур шавам. Гурба низ луќмаро хўрд, лабашро лесид ва гуфт “мияв”. Бобоям ин бор луќмаашро ба гурба дод. Гурба луќмаро њарисона фурў бурд ва мунтазири луќмаи баъдї шуд.
Бобоям як чашмаш ба ман, буд ва як чашмаш ба гурба, хандид ва лаълиро тарафи гурба бурду гуфт: “Оќо гурба, мисли ин ки шумо гушнатаред. Ин лаълї барои шумо, њоло ман “мияв!”.
Натавонистам хандаамро нигањ дорам. Гурба, ки гўё аз хандаи ман хушаш наёмада буд, каме аќибтар рафт ва бо садои “пишт-пишт”-и бибиям, ки лангон-лангон ба тарафи мо меомад, гурба аз њамон роње, ки омада буд болои девор рафт.
Бибиям ѓур-ѓуркунон ба бобоям гуфт: “њамин корњо мекунї, ки гурба њарис мешавад! Гурбањо шарму њаё надоранд!”
Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ
Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек
Китоби як саҳифа
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.