МЕСКОФЕ

Пирамард, ки маълум буд чанд соати ронандагї хастааш кардааст, гуфт: “Кош ин љо истам ва чанд то ќањваи мескофе бихарам! Оби љўш њам дар шиша њаст. Фикр мекунам њоло як истакон мескофеи гарм лаззат дорад?!”

Мескофеи доѓро саволї гуфт ва ниёзмандона, ки оќои Мусавї ќабул кунад. Аз субњ бо оќои Мусавї берун будем. Аввал аз корхонааш дидан кардем ва баъд яке ду љои дигар дар минтаќаи вижаи иќтисодї. Аввалин бор буд, ки медидамаш. Маълум буд, ки бо кор шўхї надорад. Хоњиш ба њама чиз буд. Ангор аз њар шуѓл ва њирфае њам сарришта дошт. Коргарони корхонааш мегуфтанд касе наметавонад фиребаш кунад.

Ќарор буд ман њарфе бигўям, аммо аз субњ фаќат шунавандаи њарфњои љолиби ў будам. Оќои Мўсавї бо њамон ќиёфаи љиддї љузвдони пур аз пулашро баровард ва ду пули коѓазиро ба ронанда доду гуфт: “Ин барои харидани ќањваи мискофе. Зуд харидорї намову баргард, корњоро бояд пеш барем”. Ронанда пиёда шуд. Идома дод: “Бояд ба шумо бигўям, ки баъзе аз ин истењсолкунандањо, ки таътиланд, ё ниматаътиланд, аз надоштани назми молї ранљ мебаранд, албатта баъзеи онњо њам аз надоштани пуштибонии давлатї. Ваќте мегўям молиёт додан муњим аст, барои њамин аст. Агар онњое, ки корхона ё воњиди корие доранд, бо молиёт ошно бошанд, пардохт кунанд, давлат њам метавонад бамавќеъ онњоро дастгирї кунад, дасташонро бигирад.

Як давраи андоз агар дуруст амал кунанд, истењсол равнаќ мегирад, даромадњо боло мераванд, молиёт бештар пардохт мешавад, хадамоти умумї ва њимоятњои давлатї бештар мешаванд ва равнаќи тавлид боз њам бештар мешавад”.

Ронанда мискофе ва ширинї овард. Канори як дарахт рафтем, зери сояаш нишастем. Ваќте ба роњ баромадем чанд саг пеши роњамон пайдо шуданд. Оќои Мўсавї сагњоро диду гуфт: “Савор шудем”. Бо ин ки ба аќидаи њама кўшиш мекунам эњтиром гузорам, аз ин гапаш нороњат шудам. Ба сагњо нафрат карданаш каме зиёдаравї буд.

Чизе нагуфтам. Сад метр пештар маѓозаи хурде буд. Оќои Мўсавї пиёда шуд. Дастњояшро пеши маѓоза шуст. Чизе хариду баргашт. Ба ронанда гуфт: “Баргард пеши њамон дарахте, ки дар сояаш нишаста будем”.

Баргаштем. Термосро бардошт ва зери сояи дарахт нишаст. Истаконњоро аз оби љўш пур кард. Дар яке аз истаконњо нискофе рехт. Истаконро дар пеши ман гузошт ва гуфт: “Њазинаи тамоми зерсохторњои ин минтаќа вижаи иќтисодї аз мањалли даромадњои молиётї тањия шуда аст. Фикри инро бикун, агар касе пеш аз мо молиёт надода буд, њоло на мо ин љо будем, на корхонањо, на ин дарахт”.

Аз љояш хест ва њуштак кашид. Сагњо омаданд. Аз кисааш чанд пора њасиб баровард ва ба сагњо дод.

Табассуме кард ва ба ронанда гуфт: “бубахшед, ки маътал кардам шуморо, танњо хўрданро дўст намедорам. Бигузоред, њоло ки мо нискофе ё ба ќавли шумо мискофе мехўрем, ин забонбастањо њам як луќма њасиб нўши љон кунанд”.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.