ХОНУМ КАМОЛЇ

Писари љавон њамчунон бо падараш дар њоли бањс буд. Падар бо оромиш ва виќор мегуфт: “Писарљон, ќабул кун, ки кўтоњї кардї. Агар аз рўи ќонун амал мекардї, даргирии мо хеле камтар буд”. Писар, ки аз нороњатї рагњои гарданаш берун зада буд, садояш меларзид, гуфт: “Шумо њам, ки њарфи ин касро мегўед. Ман аз пардохти молиёт озодам. Аслан молиёт ба ман тааллуќ надорад”.

Њар чи пирамард ором буд ва талош мекард бо мантиќ писарашро ќонеъ кунад, писар њарораташ боло буд ва бе мулоњиза гап мезанад. Хонум Камолї рўи миз канори ман дар њоли навиштани матни эътироз буд ва њар гоње нигоње ба падар ва писар меандохт ва боз саъй мекард, ки диќќаташро ба матн кунад. Пирамард пеши коршиноси молиёт рафт ва ба суњбат пардохт.   Писар њам бо лабњои овезон омад канори мо нишаст. Хонум Камолї аз ман хост ки матнро бихонам ва имзо кунам. Љавон аз Хонум Камолї пурсид: “Шумо вакил њастед? Мехоњам як саволро аз Шумо пурсам”. Хонум Камолї посух дод: “ман мудири молиётам”. Љавон гуфт: Њар чанд мегўям, њарфамро ин мард намешунавад. Хонум Камолї матни эътирозро дароз кард. Љавон имзо гузошт. Хонум Камолї аз љавон узрхоњї карду рафт, ки эътирозро сабт кунад. Мард бо либоси зебои расмї омад канорашон нишаст. Бо лабханд ба љавон рў овард ва гуфт: “Аз субњ то њоло шоњиди даргирињоятон будам. Беихтиёр ба ёдам ќиссаи ќадимие омад, ки бобоям бароиям наќл карда буд”. Аз дохили чамадонаш китобе берун кашид, номи китоб “Ќонуни молиёт” буд. Китобро ба љавон дод ва гуфт: “ Кулбаи пиразани мењрубон ва танњое дар наздикии дењае буд. Мардум гоње хўрок ё либосеро барояш медоданд ва ў њам барояшон дуо мекард. Љавоне аз ањолї дањяк зарфи чармин пур аз равѓанро барои фурўш ба шањр мебурд.

Наздикии кулбаи пиразан, ки расид, чанд гург ба ў наздик шуданд. Љавон тарсид. Дастонашро баланд кард ва гуфт: “Худоё, агар ин гургњо маро нахўранду раванд, ман ин равѓанро ба пиразан медињам.

Аз ќазо гургњо аз садои сагони дењ тарсиданд ва фирор карданд. Љавон ќавлашро фаромўш карда, равѓанро ба шањр бурду фурўхт, бо он пул истироњат кард ва либос харид. Дар роњи бозгашт наздики кулбаи пиразан гургњо даврашро гирифтанд. Љавон, ки аз тарс меларзид, ба ёди ќавлаш афтод. Ба кулбаи пиразан рў овард ва бо фарёд гуфт: “Магар ту зарфатро овардї ва ман равѓан надодам?”

Натавонистам хандаамро нигоњ дорам. Хонум Камолї њам истода буд ва ба њикояи ў гўш медод.

Бо ханда гуфт: “Яке аз муњимтарин кори мо ироаи изњорнома дар мавриди ќонун аст. Изњорнома мисли њамон зарф аст. Шумо зарфатонро бибаред дастрасатон бишавад. Касе, ки изњорномаро  дар муњлати ќонунияш таслим накард, наметавонад аз имтиёзњои молиётї истифода кунад!”

Пирамрд писарашро садо зад ва гуфт: “Њуљљатњоятро биёр то баррасї кунанд ва чи роњи кори ќонунї барои кўмак ба ту вуљуд дорад”.

Хонум Камолї рў ба љавон кард ва гуфт: “Ростї, охирин ваќти ироаи изњорнома барои шумо, ки шахсияти њуќуќї њастед, то охири хурдодмоњ аст”.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.