МЕХИ АЗИЗ

Баъд аз як-ду сол, ки машѓули навсозии мактабамон буданд, ба мањалли аслии мактаб баргашта будем. Њеч чиз ба ќабл шабоњат надошт. Мактаби яктабаќаи ќадимї табдил шуда буд ба мактабии сетабаќаи навсоз. Озмоишгоњњо ва толорњо ва сањни варзишї њам дар љои худаш.

Нишастан барои дарсхонї дар мактабе, ки курсињои нав дошта бошад, бо деворњои нав таъмиршуда, ба одам њисси омўхтан медињад. Муаллим рўи тахтаи синф навишт: “диќќат”, баъд шуруъ кард ба ќадам задан. Ба девори синф ишора карду гуфт: “бачањо, лутфан бо диќќат нигоњ кунед ва бигўед, ки рўи девор чї мебинед?” Фаќат як ќоб рўи девор буд, љадвали Менделеев миёни он худнамої мекард. Бачањо як-як њушёр шуданд ва гуфтанд: “ќоб”. Муаллим пурсид: “њама мутмаинед?” бачањо бо сукуташон ќабул карданд.  Муаллим ќобро аз рўи девор бардошт ва гуфт: “Њоло рўи девор чї мебинед?” Касе чизе нагуфт. Нимо сукутро шикаст ва гуфт: “ранг”. Муаллим лабханде зад ва гуфт: “дигар?” Нимо гуфт: “њич”. Муаллим хамон тавр, ки ќоб дар дасташ ќадам мезад, аз бачањо пурсид: “оё рўи девор чизи дигаре њаст?”

Бачањо бо як садо гуфтанд: “на”. Ќобро ба Нимо дод ва гуфт: “ќобро дар љояш гузор. Нимо ќобро дар љояш монд. Муаллим гуфт: “аз куљо фањмидї, ки љои ќоб инљост?”

Нимо бо тааљљуб гуфт: “Аз мехе, ки меовезанд, фањмидам, ки љо ќоб инљост”.

Муаллим лабзанде зад ва рафт рўи мизаш нишаст ва гуфт: “Офарин! Пас рўи ин девор як мехи дигар њам буд, шумо надидед” Нимо шонаашро боло андохт ва гуфт: “албатта, муњим њам набуд”. Таќрибан њама шарикдарсон Ниморо тарафдорї намуданд. Муаллим гуфт: “Медонед бачањо, мех хеле мазлум ва бе иддаост, сокит аст, гирди касе намегардад, нигањдорї намехоњад, як калима гап намезанад, аммо бояд солњои сол сангинии зеботарин ќобњоро тахаммул кунад. Зеботарин ва гаронтарин тоблуњо ва ќобњоро дар хонаатон нигањдорї кунад, њамин мехи азиз ва арзон агар як лањза пушташро холї кунад, бояд хўрдањои ќобро бо љорўб ва хокандоз аз рўи замин љамъ кунед”. Муаллим чунон дар бораи мех њарф мезад ва мо чунон ѓарќи эњсос шудем, ки чизе намонда буд ашкњоямон сарозер шавад!  Албатта, бероњ њам намегуфт. Ваќте хуб фикр кардем, воќеан њам ба мех кам таваљљуњ карда будаем.

Муаллим гуфт: “Њамаи мо дар зиндагї ќобњои зиёде дорем. Ба фикри муд, либос, ќиёфа, чизњои ќимматбањо, хўрданињои лазиз њастем, аммо хеле ваќт аст, ки аз мехи азиз бехабарем”.

Чанд лањза сукут кард ва баъд идома дод: “Дар иљтимоъ њам ќобњои ањамият, саломат, рафоъ, омўзиш, варзиш, ободї рўи мехњои мисли пулис, оташнишон, шањрдорї, донишгоњ ва варзишгоњ такя дорад. Дар њар кишвар ё мамлакате, ки мехњояш заиф шаванд...”

Суханашро идома надод. Каме ќадам зад ва баъд рўи тахтаи синф навишт: “бояд ќобњои шикастаашро рўи замин љамъ кунанд”. Бачањо ангор баъд аз муддатњо њарфњояшро шунида буданд, ба фикр фурў рафтанд.

Муаллим гуфт: “ин мактаби нави мо мисли як ќоб аст, як ќоби гаронбањо. Ин ќоб рўи мехњо устувор аст, ба номи молиёт. Агар даромади молии давлат дар њаќиќат афзоиш наёбад, ин ќоби зебо бар замин хоњад афтод”.

Нимо шуруъ кард ба кафкўбї. Бачањо њам бо ўро њамроњї  карданд. Муаллим гуфт: “бачањо, дарсро тайёр кунед, дарси оянда аз Шумо ин мавзуъро мепурсам: “молиёти мо куљо њазина мешавад?”

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа



   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.