БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ШУМОРАИ ПОНЗДАЊ

Њамсояи мо партовњояшро канори њавлї гузошт ва рафт. На саломе, на алайке!

Хонум дуктур бо ќадамњои тунд худашро ба ў расонд ва ќабл аз ин ки савори мошин бишавад, бо ў суњбат кард. Як-ду даќиќа гап заданд ва бо лабханд аз њам људо шуданд. Хонум дуктур ба тарафи ман омад ва гуфт: “Панљшанбе аср бо хонавода биёед, зиёфати ош дорем”. Њама њамсояњоро хабар мекунем. Ин касро њам хабар кардам.

Хонум дуктурнав ба мањаллаи мо кўчида омада буд.. Бачањояш дар хориља зиндагї мекунанд ва њамсараш њам чанд ваќт шуд, ки аз дунё гузаштааст. Хостам чизе бигўям, аммо чизе нагуфтам.. Бењтар донистам хотирашро, њолашро нохуб накунам. Охир, њамсояи мо одами худхоње аст. Дар маљлисњои мањалла иштирок намекунад. Бо њамсояњо аслан њамоњанг нест ва аз њама бадтар, ки пули обу барќро низ пардохт намекунад.

Аз он ваќте, ки ба мањаллаи мо омадааст, рафтораш чанд њамсояи дигари моро низ дигар кардааст, ки барои пардохти пули обу барќ бањона пеш меоранд. Дар ин ду моње, ки мудири сохтмон шудам, аслан бо ў гап намезанам. Бештари њамсояњо њам бо ў гап намезананд. Ба хотири рафторњояш дўсташ намедорем.   

Хонум дуктур идома дод: “Иншооллоњ, њамон рўз дар бораи чароѓон кардани роњравњо, бо ранги сабз оро додани онњо тасмим мегирем. Њайф нест, ки аз ин њама имконот истифода набарем?!” Дар дилам гуфтам: “Њанўз бо ин њамсоя сарбасар нашудї, ки аз обу тоб бияндозадат!”

Хандаи маснуие задам ва худоњофизї кардам. Асри панљшанбе каме дертар расидам. Таќрибан њамаи њамсояњо дар манзили хонум дуктур љамъ шуда буданд.

Канори њамсарам нишастам. Њамсояи мо лаълии чойро ба тарафи ман овард. Салом ва таоруф кард.

Бо тааљљуб љавоб додам! Дар сураташ аз он асабонияти њамешагї хабаре набуд! Хонум дуктур, ки бо омадани ман гапзанияшро ќатъ карда буд, косаи оше пешам гузошт ва тарафи занњо баргашту гуфт: “На дигар! Ба бигиру бибанд ниёз нест. Ун љо мардум худашон дўст медоранд молиёт бидињанд; чун корбурдашро медонанд, самараашро дидаанд. Писарам мегўяд, ки мардуми Аврупо агар бифањманд касе бо хости худ молиёт намедињад, аз ў мутанаффир мешаванду ба ў мегўянд, ки ту ба њама зарар мерасонї, ту узви љомеа нестї. Аз ун тараф њам мебинам омўзиш ва шањрсозияшон дар њоли пешрафт ќарор дорад”.

Оњиста ба њамсарам гуфтам: “Ангор хонум дуктур њам аз ањли худнамої аст ва ба Арупо рафтани худро таъриф мекунад!”

Бо чашм ишорае ба њамсояамон кардам, бо таъна гуфт: “Њоло офтоб аз кадом тараф баромадааст, ки эшон мењрубон шуданд?!”

Њамсарам нигоње тез ба ман карду гуфт: “Бишин! Одам набояд чизи манфиро бинад! Иттифоќан, ин хонум дуктур хеле одами хуб аст. Писараш дар ин бино кор мекунад ва ў аз усули нигањдории манзил сухан мегўяд, ки инсон бояд чигуна масъулият дошта бошад”.

Лабханде зад ва идома дод: “Ростї, ки бо ин тавзењот кори туро њам дуруст кард”.

Ман тоза бўи оши риштаро њис мекардам.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа



   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.